Телеграм группа «ЗАБОНДОН😊»

Телеграм группа ЗАБОНДОН😊

Zabondon

Низкая активность
Язык sr

15

Количество участников

2

Онлайн

1

Активные пользователи
  • Boltaev Umedullo 14:38
    Boltaev Umedullo

    Ғазал аз Мавлоно: Ҳар кӣ он масти ниҳонӣ, з-ин сарои тан биравад, Боз ҷӯяд асли хешу, сӯйи кӯйи ман биравад. Ошиқонро ҳаст мирас, ишқ бошад раҳнамон, Ҳар кӣ шуд шайда зи ишқ, он сӯйи ёр биравад. Ман на ман бошам агар бе ту даме ором гирам, Ҷон шавад қурбони ишқ, бар сари кафан биравад. Нақши ту бар оина аст, ҳар кӣ бинад, з-ин фано, Масти ишқат гаштаву, аз худу Ватан биравад.

  • Boltaev Umedullo 14:38
    Boltaev Umedullo

    Агар Қуръонро бо чашми зоҳир бингарӣ, танҳо хатту навиштаҳояшро мебинӣ, Агар бо ақл нигоҳ кунӣ, дониш ва ҳикматро дармеёбӣ, Агар бо қалбат бингарӣ, ишқ ва муҳаббатро ҳис мекунӣ, Ва агар бо тамоми вуҷуди худ нигоҳ кунӣ — Парвардигоратро мебинӣ. Ҷалолидинӣ Балхӣ

  • Boltaev Umedullo 14:38
    Boltaev Umedullo

    ҒАЗАЛ АЗ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИН БАЛХӢ Биё, биё, ҳар он кӣ ҳастӣ, Гар кофириву бутпарастӣ. Биё, ин дари мо дари умед аст, На умеди навмедон шикастӣ. Биё, биё, ҳар он кӣ ҳастӣ, Гар сад бор тавба шикастӣ, Боз о, боз о, ҳар он кӣ ҳастӣ, Ин даргоҳи мо дари умед аст! Паёми маънавӣ: Мавлоно моро ба меҳру бахшиши илоҳӣ даъват мекунад. Мегӯяд: ҳар кӣ ҳастӣ — аз Худо ноумед машав, зеро Раҳмати Ӯ беинтиҳост. Мавлоно

  • Boltaev Umedullo 14:38
    Boltaev Umedullo

    Ҳар лаҳза ки таслимам, дар коргаҳи тақдир, Оромтар аз оҳу, бебоктар аз шерам. Ҳар лаҳза ки мекӯшам дар кор кунам тадбир, Ранҷ аз паи ранҷ ояд, занҷир паи занҷир. МАВЛОНО

  • Boltaev Umedullo 14:38
    Boltaev Umedullo

    Ҳар танеро рангу бӯе дода султони азал, Ҳар сареро сарнавиште карда девони азал. Ҳар вуҷуде дар ҳақиқат мазҳари сирре шуда, То шавад пайдо зи сирраш илми пинҳони азал. Ихтиёри мо чӣ санҷад пеши тақдири Илоҳ, Ҷумларо чун гӯй гардон карда чавгони азал. Ҳар чи корӣ дар баҳорон, тирамоҳ он бидравӣ, То чи тухм андохт аввал дасти деҳқони азал. Он чи бо вай хост шуд, пас мо ба ҳайрат мезанем, Мушти ҷидду ҷаҳдро бар рӯи сандони азал. То абед серӣ набинад, доимо ҷоеъ бувад, Он дилу ҷоне, ки ҷомеъ монд дар хони азал. Ғайри таслиму ризо, Ансориё, таълим нест, Ақли оҷизро, ки хонад марди майдони азал. ХОҶА_АБДУЛЛОҲИ_АНСОРӢ

Онлайн

Активность

Активные пользователи